БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ – соли таваҷҷуҳи самимии Роҳбари давлат ба ҳунармандон

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳия намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва гӯшаи намоиш - фурӯши  маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд.

Дар чорабнии мазкур ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чодардӯзӣ, давридӯзӣ, қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, атласбофӣ, оҳангарӣ, сабадбофӣ, рассомӣ, дуғкашӣ, ресандагӣ, шерозбофӣ, тоқидӯзӣ, хӯрокҳои миллӣ дар намоишгоҳ ҷойгир карда шуда буд.

Ҳамзамон, дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Примуҳаммад доир ба моҳияти ташкили чунин чорабинҳо дар маҳал ва  дар ҳамин замина эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, созандагиву ободкорӣ, риояи қонунҳои миллӣ, касбу ҳунаромӯзии ҷавонону наврасон, таъмини амнияти озуқаворӣ суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки ташкили чунин чорабиниҳо дар заминаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ омили муҳимест ҷиҳати муаррифии иқтидори фарҳангии маҳалаҳо, ки метавонад дар симои маҳала ноҳия, вилоят ва дар умум-Тоҷикистони азизро муаррифии ҷаҳон созад.

Ҳунармандон бо қаноатмандӣ ва шукргузорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштанд, ки барои ҳар яки мо соли таваҷҷуҳи самимии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg