БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқлолият –хонаи ободи ҳар фарди соҳибдавлату соҳибватан аст

ВОСЕЪ. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар деҳаи Кадучии ҷамоат деҳоти ба номи М. Вайсов бо иштироки кормандондони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот бо сокинон  Шаҳноза Раҷабова иброз  намуд, ки миллати тоҷик миллати соҳибмаърифат ва дорои тамаддуни оламгир аст ва месазад, мову шумо арзишҳои миллӣ, мероси фарҳангӣ, таърихи куҳанбунёд, илму адабиёт ва  ҳунари волои онро ба хотири расидан ба қадри Истиқлолият, худшиносӣ ва давлату давлатдории навин пайваста омӯзему талқин намоем.

Ҳамзамон, Сафархони Муҳаббат қайд намуд, ки Истиқлолият – ин шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати бардавоми ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волост.  Истиқлолият – ин хонаи обод, рӯйи сурх, сари баланд, зиндагии осоишта ва рӯзгори осудаҳолонаи ҳар фарди соҳибдавлату соҳибватан аст. Бинобари ин ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем ва пайваста дар пайи ривоҷу равнақ  ва пешравии Ватани азиз саҳми арзандаи худро гузорем.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg