БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Об сарчашмаи ҳаёту сарсабзии олам ва покизагист

Ҷ.БАЛХӢ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии«Ҳифзи муҳити зист» хониши сиёсиро вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор карданд.

Зимнан масъулин дар назди ҷамъомадагон самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, моҳияти озмуни ҳизбӣ таҳти унвони “Беҳтарин муаррификунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ”, ки  соҳаи ҳифзи муҳити зистро дар бар мегирад,  баррасӣ карда, аз онҳо барои  иштирок дар озмуни номбурда ва дарёфти  ҷоизаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон даъват намуданд.

Инчунин дар ин раванд  ташаббуси некбинонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”   андешаронӣ карда, афзуданд, ки об ягона мӯъҷизаи худовандист, ки ҳаёти тамоми ҷонзоди башарӣ, паррандагону ҳайвонот, дарахтону наботот ва покию тозагӣ ба он иртиботи ногусастанӣ дорад. Об месабзонад, нашъунамо мебахшад, покӣ ва файзу баракат меорад.

Дар охир  иштирокдорон суханрониҳои судманди масъулинро якдилона пазируфта, иброз боштанд, ки дар амали  гардонидани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва иштирок дар озмуни ҳизбии номбурда  саҳми муносиби худро хоҳанд гузошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg