БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ятимони кулл дар доираи Аксияи ҳизбӣ бо сару либос ва ҷиҳози хониш таъмин гардиданд

ҶАЙҲУН.  Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар якҷоягӣ бо намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия тариқи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Мактаб-даргоҳи маърифат» ба 4 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ, ки ҳамагон ятимони кулл мебошанд, дар арафаи оғози соли нави хониши 2018-2019 сару либоси мактабӣ ва ҷиҳози хониш таъмин намуданд.

Бояд зикр кард, ки 4 нафар ятимони кулле, ки ба сару либос ва ҷиҳози хониш таъмин гардиданд, Бекназаров Сангалӣ хонандаи мактаб-интернати Президентии ноҳияи Кушониён ва Содиқова Макнуна, Азимов Азимҷон ва М. Урозов  хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия мебошанд, ки дар рӯзи тақдими туҳфаҳо худро дар зери ғамхории давлату миллат ва хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳсос намуданд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун  иқдоми ватандӯстонаро дар арафаи иду ҷашнҳои давлативу миллӣ  дар партави дастуру  ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб  ба анҷом мерасонад ва  дар оянда низ ин анъанаи некро идома хоҳад дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg