БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба корҳои бундёкорӣ иқдом гирифтанд

Н.ХУСРАВ. Дар асоси нақшаи мувофиқашуда оид ба баргузории вохӯриву мулоқотҳо дар корхонаву муассисаҳо, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳо оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар нимсолаи дуюми соли 2018 ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ҷиҳати боз ҳам густариш додани иртибот бо мардум ва ҷалби васеъи ҷавонон ба амалӣ намудани ҳадаф ва мақсадҳои созандаи ҲХДТ, баррасии нукатаҳои асосии Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии дар деҳаи Бешкаппаи ҷамоати деҳоти Наврӯз бо иштироки васеъи сокинон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Раҳимқулов Бахтиёр вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимнан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиева Сураё ҷиҳати пешгирии амалҳои ғаразноки ташкилотҳои террористиву экстремистӣ андешаронӣ карда, сокинонро бори дигар аз мақсадҳои разилонаи ТТЭ ҲНИТ огоҳ намуданд.

Инчунин, дар идома масъулин атрофи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ҷамъбасти Соли тақвияти робита бо маҳал ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарбар намудани шаҳрвандон дар ҳалли масъалаҳои муҳими маҳал, инчунин роҳнамоии онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ суханронӣ карданд.

Сокинони маҳалла дар татбиқи Аксияи номбурда иқдом гирифтанд, ки дар таъмиру азнавсозии бинои боғчаи бачагонаи дар маҳалла мавҷудбуда саҳмгузорӣ намуда, барои ободонии кӯчаҳо ва бунёд намудани бинои ҳамом барои сокинони деҳа саҳми худро мегузоранд.

Ҳамчунин дар ин рӯз аз ҷониби сокинон ҳунарҳо мардумӣ ва намоиши хӯрокҳои миллӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ба маърази намоиш гузошта шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg