БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият вазифаи мо шаҳрвандон аст!

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат дар Идораи суғуртаи ноҳия хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Азизова Сабоҳат дар баробари самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва  ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

Дар идомаи хониши сиёсӣ  моҳияти озмунҳои  ҳизбӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвоним «Якҷоя ҳал мекунем!», ки барои ободоии Ватани маҳбубамон Тоҷикистони азиз равона карда шудааст ба иштирокдорон   фаҳмонида дода шуд ва онҳоро барои анҷоми корҳои хайру сахо, корҳои ободониву созандагӣ ва бо омодагиҳои  ҳамаҷониба  истиқбол гирифтани ҷашни таърихии миллат 27- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg