БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ

ХОВАЛИНГ. Дар асоси нақшаи корӣ дар деҳаи Шехмизони ҷамоати деҳоти Ҷомбахт оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбат гузаронида шуд.

Дар назди ҳозирин раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сафар Халилов баромад намуда, ҷамъомадагонро бо муҳтавои самтҳои муайянгардида шинос намуд. Ӯ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба он масъалаҳои ҳалталаб, аз ҷумла истифодаи сарфакоронаю мақсадноки қувваи барқ, хатари афзояндаи терроризму экстремизм, роҳҳои пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, зарурат ва аҳамияти риояи урфу одат, анъана ва фарҳанги миллӣ, истифодаи мақсаднок аз технологияи муосир, пешгирӣ аз нашъамандию нашъаҷалобӣ, бемориҳои сироятӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷалб намуд.

Баъдан сокинони деҳа Сайҳомид Ятимов, Бегиҷон Сафаралиев, Гулрухсор Сатторова ва Зебо Ҳасанова ба сухан баромада, аз дониш ва маълумоти дар суҳбат бардоштаашон изҳори қаноатмандӣ карда, зикр намуданд, ки дар шароити имрӯза,  ки давлатҳои абарқудрат бо ҳар роҳу восита ба дигар давлатҳо фишор меоранд, зарур аст, ки мо ҳамагон дар атрофи сиёсати Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ боз ҳам зичтар муттаҳид бошем ва бар зидди он қувваҳое, ки тинҷию осудагии давлату миллати моро намехоҳанд, муборизаи беамон барем.

Сокинон дар ин рӯз кӯшиданд, ки ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тамоми ҳунари дастии худро ба маърази тамошо гузоранд.

Дар Аксияи тарғиботӣ-ҳизбӣ гузаронидашуда иштирокчиёни суҳбат дар ҳамдастӣ корҳои муайяни созандагию бунёдкориро ба уҳда гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg