БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Иттиҳод рамзи ягонагӣ ва пирӯзии миллат аст

ҲАМАДОНӢ. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Гадоӣ Сайдалиев ва мутахассиси  ҳамин шуъба Фирӯз Пиров  дар асоси ҷадвали баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ барои нимсолаи дуюми соли 2018 бо аҳолии деҳаи Қаҳрамони ҷамоати деҳоти Қаҳрамон вохӯрӣ гузарониданд.

Гадоӣ Сайдалиев дар бораи баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистию террористӣ баромад карда, қайд намуд, ки тибқи маълумотҳои оморӣ айни замон дар ҷаҳон беш аз 500 ташкилоти террористию экстремистӣ арзи ҳастӣ дорад. Гузаштаи таърих ва ҳодисаву воқеаҳои дар ҷаҳони муосир рӯйдода аз он бозгӯ мекунанд, ки экстремизму терроризм бештар аз ҳама дар бахши дин, махсусан бо иштироки «намояндагон»-и дини ислом дучор меоянд.

Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз намоиши ҳунарҳои мардумии деҳаи Қаҳрамон дидан намуда, ба ҳунару маҳорати  волои аҳли заҳмат баҳои хуб дода, барои боз ҳам рушду сайқал додан и ва ба ҷавонону насли наврас омӯзондани касбу ҳунарҳои мардумӣ  маслиҳатҳои судманд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg