БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хониши сиёсӣ байни молиячиёни ҷавон

ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Молия" хониши сиёсӣ доир намуданд.

Мавзӯҳои асосии суҳбат асосан атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, хусусан, фарогири масоили хатару таҳдидҳои терроризму экстремизм, аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ, хештаншиносию ватандӯстӣ, риояи ҳатмии талаботи Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд.

Дар ҳузури ва бо хоҳиши иштирокдорон намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шаҳбози Искандар ва Раҳимова Маъмурбӣ Алиев Шуҳратро, ки ҷавони бомаърифату ташаббускор аст, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Молия" интихоб карданд.

Дар охири маҷлис масъулин бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомадагонро ба корҳои созандагию бунёдкорӣ даъват намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg