БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар амал

НОРАК. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар ташкилоти ибтидоии “Ободкор” вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҳизбӣ аз тарафи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Қумриниссо Гулмуродзода, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ободкор”  Саидов Мазҳариддин  баромадҳо карда шуд.

Қумриниссо Гулмуродзода оид ба Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, аз байн бурдани  таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум  аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он,  пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, муқовимат бо коррупсия, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ андешаронӣ карда, моҳияти  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро ба дарки ҷамъомадагон расонид.

Дар охир иштирокдорон  суханрониҳои  мавсуфро якдилона дастгирӣ намуда, иброз доштанд, ки  Аксияи номбурда барои шукуфоии Ватан ва рӯзгори босаодати мардум нигаронида шудааст,  ва мо талош меварзем то дар татбиқи он саҳми арзандаи хешро гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg