БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ масъули ташаккули афкору маънавиёти ҷомеа мебошад

ЛЕВАКАНТ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар асоси  нақшаи тасдиқгардида дар самти шинохти фарҳанги миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сайёҳ» чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ сокинон бо ҳисси баланди  ватандӯстӣ  иштирок намуда ҳунарҳои худро ба намоиш гузоштанд.  

Ҳунарҳои  суннатии  миллӣ  на танҳо мероси таърихиву бадеӣ, балки қисми муҳими фарҳангӣ-маънавии замони муосир маҳсуб меёбанд.  

Дар чорабинии  мазкур  ҳамаи сокинон саҳми босазои худро гузоштанд. Аз ҷумла занону бонувони чирадаст бо нақшу нигори чакандӯзӣ, арӯс бо либоси миллӣ, қуроқдӯзӣ, мӯйбофӣ, занони рӯзгордида бошад бо хӯрокҳои миллии шакароб, қурутоб, отала, далда,  қалама ва намоиши ҳунарҳои миллӣ, бо рақсу сурудҳои рангоранг дар баргузории чорабинӣ ҳусни тозае  зам карданд.

Дар охир аз тарафи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ба фаъолон, ки саҳми худро дар баргузории чорабинии мазкур гузоштанд,  бо Сипосномаҳои ҳизбӣ  қадрдонӣ  карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg