КУШОНИЁН. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар Ташкилоти қарзии “Имон- Интернешнл” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар он масъулин самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла дар назорати ҷиддии волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон аз ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ, ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ андешаронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар идома ба дарки ҷомеа расонида шуд, ки амалҳои террористиву экстремистие, ки дар мо рух медиҳанд, саркардагони онҳо ТЭТ ҲНИ буда, бо ҳар роҳу восита давлатҳои исломиро бадном карда истодаанд.
Баъдан қисмати тарғиботии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” доир гардид, ки иштирокдоронро барои анҷоми корҳои хайру сахо, корҳои ободониву созандагӣ, сафарбар кардани мардум ба тозаю озода намудани маҳали зист, кӯмак ба шахсони ниёзманди ҷомеа раҳнамоӣ карданд.