БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал

ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо мақсади эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ чорабинии фарҳангию сиёсӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзанидӯзӣ, кашидадӯзӣ, қуроқдӯзӣ намоиши дӯхти либосҳои занона бо тарҳи замонавӣ бо нигоҳ доштани нақшу нигорҳои ниёгон, кӯрпачаву кӯрпадӯзӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ  баргузор гардида аз ҷониби аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қушачинор” барномаи рангини фарҳангӣ ташкил ва пешкаши сокинони деҳа гардонида шуд.

Ҳамчунин,  дар рафти вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб  ба иштирокчиён фаҳмонид, ки  бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ   барои занону бонувони тоҷик  шароит фароҳам оварда шуд, ки онҳо  метавонанд бо омӯзиш ва рушд додани касбу ҳунарҳои миллӣ шароити иқтисодии худ ва атрофиёнашонро бо ташкили ҷойҳои нави корӣ беҳбудӣ бахшанд.

Дар идомаи сӯҳбат илова карда шуд, ки барои таҳсил ва  идома додани фарзандон  дар муассисаҳои олии кишвар мусоидат намуда, дар омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ, ихтирооту навоварӣ  барои фарзандони худ шароити хуб  фароҳам оваранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg