БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Миллати тоҷик дорои фарҳанги оламшумул аст

ДӮСТӢ. Тибқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи «Шаҳдрез» чорабинии ҳизбӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил ва баргузор гардид.

Чорабинии мазкур аз тарафи фаъолони деҳа бо намоишӣ тамоми дастовардҳои фарҳангӣ, кишоварзӣ ва тарзи зисту рӯзгори сокинони деҳот пешкаши масъулин гардонида шуд. Дар чорабинии ҳизбӣ раиси ноҳияи Дӯстӣ Саидзода Нурмуҳаммад Хол ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Самадзода Акбар иштирок намуда, аз маҳсули дастранҷи сокинон аз наздик дидан намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ масъулин оид ба хизмату талошҳои Пешвои миллат дар тӯли 27 соли соҳибистиқлолии кишвар андешаронӣ карда, иброз доштанд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сокинони деҳотро бори дигар баҳри эҳё ва рушд додани ҳунарҳои миллии рӯҳбаланд сохт.

Дар охир кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал андешаронӣ карда, барои ташкилу баргузор кардани чорабинии фарҳангию сиёсӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ изҳори миннатдорӣ баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg