БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Иттифоқу сарҷамъӣ рамзи ояндаи босаодати Тоҷикистони аст

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Хуррамзамини ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифов вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмаҳмад иштирок намуда, доир ба корҳои созандагиву ободонӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, таъмини босифати амнияти озуқаворӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур зикр карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави рушд қарор дорад ва дар ин марҳилаи таърихӣ саҳмгузории ҳар яки мову шумо дар рушди тамоми соҳаҳо саривақтӣ буда, барои расидан ба ҳадафҳои олии кишвар мусоидат менамояд. Халқи тоҷик бо иттифоқу дастаҷамъии худ то имрӯз дар таърихи инсонӣ ҷойгоҳи арзандаеро соҳиб гаштааст. Аз ҳамин нуқтаи назар иттифоқу дастаҷамъӣ рамзи ояндаи босаодати Тоҷикистони азиз ба ҳисоб меравад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg