ВАХШ. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Вахш бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Нуралиева Мадина дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Мопр-1" чорабинӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯъи "Фарҳанги либоси миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ" доир карда шуд.
Зимнан Нуралиева Мадина дар назди ҳозирин зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханрониашон оид ба мақоми либоси миллӣ таъкид месозанд. Вақте бонувонро дар пироҳани атласу адрас ё чакан мебинед, кас ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва аз фарҳанги миллати тоҷик мекунад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, барои ҳифзи асолати миллӣ, тарғиби арзишҳои волои он ва худшиносӣ тадбирҳои саривақтӣ андешем ва суннатҳои миллиро бо ҳам рушд дода ба наслҳои минбаъда ба меърос гузорем.