![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20180817_083625.jpg?itok=_Ia09EED)
БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «МНДСЭ »-и вилоят тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо аъзои ҳизб вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар он корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Ҳакимова Волида иштирок намуда, оид ба баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба шумор меравад, суханронӣ намуд.
Инчунин, дар ин раванд мавсуф озмунҳои ҳизбӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро дар Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумиро мавриди баррасӣ дода, ҷамъомадагонро барои татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ сазовор истиқбол гирифтани ҷашни пурифтихори миллат 27- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд.