БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фаровонии бозору баракати дастархон аз заҳмати кишоварзон аст!

БАЛҶУВОН. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин, татбиқи Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кишоварз” хониши сиёсӣ  баргузор намуд.

Сараввал и.в раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзоев Исуф оид ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, давлату ҳукумат нисбати ин соҳаи муҳим ибрози андеша намуд.

Баъдан  мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳия Муродова Марҷона оид ба пешгирии шомилшавии шаҳрвандон аз ташкилотҳои  террористиву экстремистӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, истифодаи самароноки замин, зиёд намудани зироаткорӣ, таъмини сокинон бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ сухан намуд.

Иштирокчиён низ ҳамчун аъзои фаъоли ҲХДТ баромад карда, чунин қаёд доштанд, ки фаровонии бозор бо маҳсулотҳои тозаи ватани аз ҳадафҳои муҳими ҳизби мост.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg