БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сиёсати ҲХДТ фарогири тамоми қишрҳои ҷомеа аст

ЁВОН. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҶСП «Баракати Ёвон» бо иштироки аҳли заҳмати фермаи чорвопарварӣ вохӯрӣ  баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Саёҳат Абдуллоева оиди баланд бардоштани фарҳангу маданияти кормандон ва аҳли оилаи онҳо, пайравӣ аз  сиёсати хирадмандона ва созандаи ҲХДТ, хосса Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хизмати содиқона ба халқу Ватан, тарғиби  тарзи  ҳаёти  солим  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии  бемориҳои  сироятӣ,  тарбияи  ҳарбӣ-ватандӯстии  ҷавонон  ва  ҷалби  онҳо ба  хизмати  ҳарбӣ, тарғиби  фарҳанги  миллӣ  ва  пешгирӣ  аз  майли  бегонапарастӣ  миёни  ҷавонону  занон  вокуниши  фаврӣ  ба  маводҳои  интиқодии  бебунёд  дар  васоити  ахбори  омма  ва  шабакаҳои иҷтимоӣ, муборизаи  идеологӣ  бар  зидди  терроризм экстремизм  ва  пешгирии  гаравиши  ҷавонон  ба  гурӯҳҳои  тундгаро, баргузории  чорабиниҳо  ба  хотири  огоҳ  кардани  аҳолӣ  ва  пешгирии  онҳо  аз  гаравиш ба  ҳизбу  ҳаракатҳои  дар  кишвар  мамнуъи  ТЭТ  ҲНИ, Гурӯҳи  24  андешаронӣ намуд.

Фермаи ширию молии «Баракати Ёвон» соли  2008 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Обшорон таъсис дода шуда,  дар соли аввали фаъолияташ 450 сар чорвои зотӣ дошт ва имрӯз шумораи он ба 1226 сар расидааст. Имрӯз дар фермаи мазкур зиёда аз 120 нафар кормандон кору фаъолият дошта аз ин ҳисоб зиндагиашонро пеш бурда истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg