БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафи асосии ҳизб-амнияти Тоҷикистон ва сокинони он аст

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки  аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ вобаста ба мавзӯи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор карда шуд. Дар он муовини раис- мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сидиқова Меҳрубон иштирок намуд.

Зимни суханронӣ корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар бораи баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистию террористӣ, дар бораи фаъолгардонии шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ, пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона бо мақсади ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ, моҳияти қонунҳои миллӣ ва дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо ба хотири рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа суханронӣ намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg