Дар толори Театри давлатии мусиқӣ-мазҳаквии шаҳри Бохтар бо иштироки узви Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҲХДТ – раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшо, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло ва роҳбарияту масъулони соҳаи маориф машварати августии омӯзгорони вилоят баргузор гардид.
Дар баромади худ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ аҳли омӯзгоронро бо оғози соли нави таҳсил ва 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда қайд намуд, ки баланд бардоштани нишондиҳандаҳои рушди нерӯи инсонӣ ба воситаи дастрасӣ ба таҳсилот ва муҳайё намудани инфрасохтори зарурии таълиму тарбия ва дар маҷмуъ рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки Барномаи ҲХДТ мебошад.
Дар охир як қатор омӯзгорони фаъол ба Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Сипосномаву тӯҳфаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд.