БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Арзишмандтарин дастоварди миллат Истиқлолият аст!

ФАРХОР. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо фаъолони ноҳия дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида, бо мақсади роҳнамоии сокинон ба ободкорию созандагӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва хештаншиносӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳи огаҳии мардум аз хатарҳои терроризму экстремизм, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилоту ҳаракатҳои террористию ифротӣ ва дигар падидаҳои номатлуби ҷомеа дар деҳаи Наврӯзи ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ доир гардид.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ узви фаъоли ҲХДТ Бобохонзода Рустам кушода, сокинонро бо фарорасии  ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ёдовар шуд, ки арзишмандтарин дастоварди миллат  Истиқлолият аст.

Моро зарур аст, ки ҷиҳати истиқболи сазовори ин дастовард, бояд ба тозагию ободонӣ ва бунёдкорӣ рӯ биорем. Ҳамчунин, қайд намуд, ки Ҳукумати мамлакат нисбати сиёсати ҷавонон, риояи ҳатмии талаботи қонунҳои миллӣ, тарбияи ахлоқии сокинон диққати махсус дода, имрӯзҳо бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақша-чорабиниҳо тасдиқ шудааст, ҷиҳати иҷрои он ҳамарӯза дар тамоми деҳаю маҳаллаҳои ноҳия корҳои фаҳмондадиҳиро бо усули «Хона ба хона» бурда истодаем.

Мавриди зикр аст, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо ҳамаи ниҳодҳои расмӣ, хусусан бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия робитаи мустаҳакам дошта, имрӯзҳо ба дастгоҳи пурқуввати идеологӣ табдил ёфтааст ва ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ, тақвият додани робита бо маҳал ва ташаккул додани мафкураи миллии сокинони ноҳия нақши бориз дорад.

Баъдан муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шаҳбози Искандар атрофи баланд бардоштани сатҳи огаҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористиву экстремистӣ  ибрози ақида намуда, ёдовар шуд, ки имрӯз терроризму экстремизм бештар тобиши динӣ касб намудааст. Мубалиғону миссионерҳои ин ташкилотҳо, ки бештар характери мазҳабӣ доранд, бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба тафаккури ҷавонон таъсири манфӣ расонида, сатҳи таасубгароиро (фанатизм), дар шуури мардуми мо зиёд намудаанд.

Ҳамчунин, дар ин чорабнӣ сокинони маҳал ҳунарҳои миллӣ, аз қабилӣ чодару тоқиҳои чакан, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, оҳангарӣ ва дигар маҳсулоти дастсохти худро ба маърази тамошо гузоштанд.

Қисми дигари чорабиниро санъаткорони шуъбаи фарҳанги ноҳия идома дода, бо суруду оҳангҳои миллӣ ва саҳначаҳои ҳаҷвӣ табъи сокинонро болида карданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg