БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Терроризму экстремизм душманони фарҳангу асолати қадимаи миллатанд

ПАНҶ.  «Нест бод терроризму экстремизм ва наҳзатиёти лаънатӣ!» Таҳти ин шиор бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Ганҷ»-и назди бозори ноҳиявӣ  хониши сиёсӣ баргузор гардид. Масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳия оид ба паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар роҳи мубориза ба онҳо суханронӣ намуданд.

Дар Тоҷикистон фаъолияти 17  ташкилотҳои террористию экстремистии монанди  «Ҳизб-ул-таҳрир», «Ал-қоида», ТТЭ ҲНИ, Гурӯҳи 24, ДИИШ ва амсоли онҳо манъ карда шудааст. Фаъолияти онҳо ноором кардани  авзои ҷемеа ва давлатҳо,  ба вуҷуд овардани тафриқаи динӣ, мубориза ба фарҳангу асолати қадимаи миллатҳо, гумроҳсозии ҷавонон, қатлу куштор, фиребу фирефта кардани ҷомеа  мебошад, ки вақтҳои охир дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ин амалҳо ба ҷо оварда шуда истодаанд.

Ин хатарҳо тамоми ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Ин хавфу хатару нооромиҳо ба Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо низ таҳдид менамоянд. Ҷавонони ноогоҳ, ки зуд ба дассисаю фиреби  ин авомфиребон дода шуда, ба ивази маблағҳои калон амалҳои нобахшиданиро ба ҷо меоранд боиси ташвиши аҳли ҷомеа гардидаанд.

Дар идома ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳои нохалаф, ки ба амалҳои номатлуби даст мезананд пешниҳодҳо зикр гардида, даъват  ба амал оварда шуд, ки аҳли ҷомеа дастаҷаъмона барои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи  хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва ба илмомӯзӣ фаро гирифитани онҳо  саъю талош варзида,  ҷавононро ба корҳои муфиду созанда роҳандозӣ намоянд.

Ҳамчунин, зимни  баромадҳо атрофи моҳияти қонунҳои миллӣ ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа, ташаккули фарҳанги техникии истифодаи нодурусти технологияи муосир ва коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа суханронӣ карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg