БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ рукни асосии фарҳанги миллӣ мебошанд

ВОСЕЪ. Дар деҳаи Ҷавонии ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Аваз бо иштироки корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Восеъ дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши ҳунарҳои миллӣ доир карда шуд.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ зимни мулоқот бо сокинон қайд намуд, ки тибқи дастури Пешвои миллат бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ фурӯши дастранҷи косибону ҳунармандон аз 1 январи соли 2018 аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуданд.

Чунин имтиёз барои мардум имконият фароҳам овард, ки бештар маҳсулоти дастӣ ва табиӣ омода сохта, ба фурӯш бароранд ва фарҳанги миллиамонро ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ муаррифӣ намоянд.

Ҳамчунин, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Ситамова Роҳила оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ба сокинон маълумоти муфассал дода иброз намуд, ки ҳунарҳои мардумӣ як рукни фарҳанги миллӣ мебошад. Бинобар ин мебояд нисбати ин пеша таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg