БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷоизаҳои давлатӣ муборак!

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, таҳкими сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни халқҳо, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Дар радифи чунин шахсиятҳои арзандаи кишвар аз сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон Валиева Саъбагул – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо Медали “Хизмати шоиста” ва Шарифзода Маҳмадаюб – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо  “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз тарафи Пешвои миллат қадрдонӣ гардиданд

Президенти мамлакат аз саҳми шахсии ҳар як нафари соҳиби мукофоти давлатӣ гардида дар пешрафти кишвар дар даврони 27 соли соҳибистиқлолӣ андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки мардуми кишвар 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои аз ин ҳам арзанда истиқбол мегиранд.

Мо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо ифтихор Валиева Саъбагул ва Шарифзода Маҳмадаюбро ба ин дастовард табрику муборакбод гуфта, бовар дорем, ки дар ростои кору пайкори софдилона ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои бештар ноил хоҳем шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg