БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар байни омма ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ корҳои тарғиботӣ роҳандозӣ шуда истодаанд

Ш.ШОҲИН. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи сил” бо кормандони  соҳаи тандурустӣ хониши сиёсӣ доир намуданд.

Хониши сиёсӣ  вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  доир карда шуда, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳия Қурбонова Малоҳат оид ба   самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, баргузори чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  фаъолияти  кормандони соҳаи тибб дар самти нигоҳдории солимии ҷомеа ва пешгирии бемориҳои сироятӣ суханронӣ намуд.

Дар идомаи суҳбат чанде аз аъзои ташкилоти номбурда ба сухан баромада,  иброз доштанд, ки  масъулони соҳаи тандурустӣ дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда,  корҳои тарғиботиву ташвиқотиро бо ҷалби мутахассисони соҳа дар байни  омма ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ роҳандозӣ намуда истодаанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg