БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сарсабзӣ ва пешравии диёрамон аз худи мо шаҳрвандон вобастагӣ дорад

ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳалаҳои ноҳияҳои Шаҳритуз дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар деҳаи Бешкапаи ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритуз  бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Абдуллоева Шоира вохӯрӣ бо аҳолӣ ва ҳизбиён атрофи самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҳизбӣ  ва чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Зимнан Абдуллоева Шоира  дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона ва ҷалби шаҳрвандони бекор ба корҳои хонагӣ, ба дарки ҷомеа расонидани хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, тарбияи дурусти фарзанд дар роҳи ватандӯстиву ватанпарварӣ, бо лавозимоти таълимӣ ва шароити хуб таъмин кардани фарзандон барои донишомӯзӣ,  саҳм гузоштанд дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷиҳати  боз ҳам ободу пешрафта гардидани  Тоҷикистон азиз андешаронӣ намуда, аз онҳо барои амалӣ кардани дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ даъват ба амал овард.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg