БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар маҳал тарғиб гашта истодаанд

А.ҶОМӢ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилоти ибтидоии «Сайёд»-и деҳаи Сайёди ҷамоати деҳоти 50-солагии Тоҷикистони ноҳия хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Сунатулло Ашӯров  иштирок дошта, атрофи  самтҳои афзлиятноки фаъолияти ҲХДТ ва ҳадафҳои барномавии он, нисбати сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа суханронӣ намуда, иштирокдоронро ба корҳои созандагиву ободонӣ баҳри пешрафту шукуфоии Ватани маҳбубамон-Тоҷикистони азиз раҳнамоӣ намуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg