БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷик ҳамчун миллати сулҳпарвар, соҳибитамаддун ва бофарҳанг ба ҷаҳониён муаррифӣ шудааст

ҶАЙҲУН.Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар кӯчаи Сомонии ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мавзӯъи «Ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷайҳун тарғиб мешаванд» бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ализода Фарзона ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ғафорова Насимахон бо сокинон болозикр баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур занону бонувон чанд навъ ҳанарҳои мардумиро ба намоиш гузошта,иштирокдорон  аз тамошои ҳунарҳои мардумӣ ба худ ғизои маънавӣ гирифтанд.

Зимнан Ализода Фарзона барои ташкили чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ изҳори минатдории Кумитаи иҷроияи ноҳияро ба сокинон расонида, ба онҳо барои боз ҳам рушду сайқал додани анъанаҳои неки ниёгон барору комёбиҳо таманно намуд.

Мавсуф дар суханронии хеш иброз дошт, ки дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Ҷайҳун чунин чорабиниҳо баргузор гашта истодаанд,  ҳунармадони ноҳияи Ҷайҳун дар давоми моҳи июл ва августи соли ҷорӣ дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тавонистанд ҳунари волои хешро нишон диҳанд.

Дар идома Ғафорова Насимахон суханронӣ намуда, қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки «Миллате, ки ба анъанаҳо, урфу одатҳои аҷдодӣ ва ойинҳои миллии хеш ифтихор дорад, метавонад аз неъмати бебаҳои Истиқлол баҳра гирад, дар бунёди давлат ва давлатдории навин саҳм гузорад».

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg