БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияи ҳизбии «Мактаб-даргоҳи маърифат» амалӣ гардид

НОРАК.Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа, ятимону барҷомондагон, маъюбону пиронсолон расонидани кӯмакҳои моддиву молиявӣ дар арафаи иду ҷашнҳои давлативу миллӣ яке аз рукнҳои неки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Мактаб-даргоҳи маърифат»-ро доир намуд.   

Зимни баргузории Аксияи ҳизбӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Қумриниссо Гулмуродзода, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Ғафурзода Фирдавс иштирок намуда, кӯдакони аз оилаҳои ниёзманди ҷомеа, ятимону маъюбонро барои соли нави таҳсили 2018-2019 бо ашёҳои дарсӣ таъмин карданд, ки эътимоду боварии хонандагонро ба давлату миллат дучанд намуд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак минбаъд низ ин иқдоми некро дар арафаи иду ҷашнҳо бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб идома хоҳад дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg