БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – ҳизби роҳнамо ба фардои дурахшони Ватан

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон барои нимаи дуюми соли равон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат дар ташкилоти ибтидоии “Омор” бо кормандони он хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Азизова Сабоҳат дар баробари самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ оид ба ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ ибрози андеша намуд.

Дар ин раванд иштирокдорон роҷеъ ба мавзӯъҳои номбурда фикру мулоҳизаҳои хешро баён карда, иброз доштанд, ки  мо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  дар амалигардонии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ки ба беҳбудӣ ва шукуфоии  Ватани маҳбубамон-Тоҷикистони азиз равона гардидааст, саҳми муносиби худро хоҳем гузошт.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg