БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқлолият арзиши муқаддаси миллат аст!

ҲАМАДОНӢ. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев ва мутахассиси ҳамин шуъба Фирӯз Пиров  дар асоси ҷадвали баргузории чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 бо аҳолии деҳаи Қаҳрамонӣ ҷамоати деҳоти Қаҳрамон вохӯрӣ гузарониданд.

Гадоӣ Сайдалиев дар бораи баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистию террористӣ баромад кард. Мавсуф қайд кард, ки тибқи маълумотҳои оморӣ айни замон дар ҷаҳон беш аз 500 ташкилоти террористию экстремистӣ арзӣ ҳастӣ дорад.

Гузаштаи таърихӣ ва ҳодисаву воқеаҳои дар ҷаҳони  муосир рӯй дода, аз он бозгӯ мекунанд, ки экстремизму терроризм бештар аз ҳама дар бахши дин, махсусан бо иштироки намояндагони дини ислом дучор меоянд. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ аз намоиши ҳунарҳои мардумии деҳаи Қаҳрамон дидан намуда ба маҳсули дастони муъзизаофари ҳунармандон дар арафаи 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз муқаддастарин арзишҳои миллист арзи сипос намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg