БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқлолият ифодагари марому ормонҳои ҳазорсолаи миллат аст

ФАРХОР. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади сазовор истиқбол намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Навободи болои ҷамоати деҳоти Зафар чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.

Зимни баргузории чорабинӣ сокинони маҳал, намунаи  ҳунарҳои мардумиро, аз қабилӣ зардӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, чодарҳои чакан, куртаю тоқии чакан, болишту кӯрпачаҳо, қуроқдӯзӣ, ҷӯроббофӣ, ҳамчунин, маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводориро ба маърази тамошо гузоштанд.

Гӯшаи дигари намоишгоҳро намунаи анвои дегҳои оши бурида, оши палов, шакароб зинат медоданд.

Дар чорабинӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шаҳбози Искандар ва Раҳимова Маъмурбӣ иштирок намуда, атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ карданд.

Дар рафти чорабинӣ барномаи рангини консертии идона бахшида  ба Истиқлолияти давлатӣ баргузор гардида, зери навои мутрибону ҳунармандон сокинони маҳал бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ороми кишвар шодиву хурсандӣ  намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg