БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сиҳатии омма пояндагӣ ва рушди давлат аст

ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси  нақшаи алоҳидаи баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо  вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳайати раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ва кормандони он дар Беморхонаи марказии ноҳия хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Зимни баргузории хониши сиёсӣ  масъулин дар  мавзӯъи  самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, озмунҳои ҳизбӣ, Аксияҳои ҳизбӣ таҳти унвонҳои “Мактаб даргоҳи маърифат” ва “Якҷоя ҳал мекунем!” мавриди баррасӣ қарор дода  шуданд.

Дар рафти хониши сиёсӣ  Раҷабзода Маҳмадсаид  баромад карда моҳияти  озмунҳо  ва аксияҳои ҳизбиро   ба ҷамъомадагон  фаҳмонида, аз онҳо баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, дар байни мардум  бурдани  корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба  солимии ҷомеа, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба ҳисоб меравад,  даъват ба амал овард.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg