ПАНҶ. Тибқи дастуру супоришҳои КИМ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оиди расонидани кӯмак ба табақаҳои камбизоати ҷомеа, аз ҷумла ятимон, бепарасторон, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ҷиҳати таъмини либос ва лавозимоти мактабӣ бахшида ба «Рӯзи дониш» дар саҳни бинои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Мактаб- даргоҳи маърифат» роҳандозӣ гардид.
Сараввал чорабиниро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзиев Каримҷон ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳамагонро бо фарорасии Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави хониш, ки дар остонаи ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, табрику муборакбод намуд.
Таъкид шуд, ки дар тарбияи насли наврас ва ба воя расонидани нерӯи тавонои ватандӯсту ватанпарвар нақши падару модар ва омӯзгорон ниҳоят калон аст.
Баъдан, туҳфаҳои омоданамуда, ки аз сару либоси мактабӣ ва ҷузвдону ашёҳои хониш иборат буданд ба 5 нафар кӯдакон тантанавор супорида шуданд, ки боиси хушҳолии онҳо гардид.
Дар охир чанде аз волидон изҳори миннатдории худро баён намуда, иброз доштанд фарзандонашонро дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва илмомӯзӣ ба воя мерасонанд, то ин ки дар оянда насли сазовору арзандаи Ватани худ бошанд.