КӮЛОБ. Дар деҳаи Давлатободи ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб аз рӯи ҷадвали баргузории чорабиниҳо намоиши ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардид.
Зимни ҳамоиш мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ва муовини раиси ҷамоати деҳоти Зарбдор Муродова Дилафрӯз иштирок ва аз рафти чорабинӣ дидан намуданд.
Нахуст, дар чорабинӣ зикр шуд, ки дар ин сол орзуи деринтизори ҳунармандон амалӣ гашт. Чунки соли 2018-Соли рушди саийёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Имрӯзҳо ҳунармандон руҳу илҳоми тоза гирифта, бо шавқ армуғонҳои ҷолибу беҳтаринро эҷод намуда истодаанд. Ҳар қадар, ки маҳсули эҷоди ҳунармандон дар муомилот зиёд бошад, ҳамон андоза арзиши маҳсулоти онҳо дар бозорҳо паст мегардад.
Таъкид гардид, ки ҳар ҳунарманде, ки хоки диёрро қадр мекунад, дар маҳсули офаридаи худ бояд кӯшиш ба харҷ диҳад, ки асаре офаранд то бозгӯйи таърих, фарҳанг ва дар он набзи Ватан инъикос ёфта бошад.