БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал

ҚУБОДИЁН. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳо, ки аз  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд ва дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён баҳри аз нав эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Навобод” намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзанидӯзӣ, намоиши дӯхти либосҳои занона бо тарҳи замонавӣ бо нигоҳ доштани нақшу нигорҳои ниёгон бо барномаи рангини фарҳангӣ  пешкаши аҳолии деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Навобод доир  гардид.

Дар рафти чорабинӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Ваҳобиддин Абдуллоев оид ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сухан намуда, вобаста ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин ҷода беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи некӯаҳволии мардум сухан намуд.

Дар рафти вохӯрӣ қайд карда шуд, ки  дар ҷомеаи имрӯза гурӯҳҳое амал менамоянд, ки бо ваъдаҳои дурӯғ барои ба даст овардани даромади муфт ҷавононро ба ҳар гуна гурӯҳҳо ҷалб ва фирефта мекунанд, ки ин боиси даст ба амалҳои ношоиста задани бархе аз шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон гардида истодааст.

Дар охир мавсуф ба ҳунармандоне, ки ҳунари  хешро ба  намоиш гузоштанд,  маслиҳатҳои судманд дода барои ташкили чунин чорабинӣ арзи сипос намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg