ДӮСТӢ. Бо ташаббуси раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Дӯстӣ бахшида ба истиқболи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ шанбегии умуминоҳиявӣ ташкил ва баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории аксияи мазкур ободу зебо гардонидани атрофи ташкилоту муассисаҳо, маҳали зист мебошад, ки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ба рангуборкунӣ, тоза кардани гирду атрофи корхона, ҷӯюбору қубурҳои обгузар аз партову алафҳои бегона ва нарм кардани бехи гулу дарахтони сояафкан саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Чунин корҳои ободониву созандагӣ минбаъд низ дар доираи Аксияи номбурда дар ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” идома дорад.