БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нишона аз фарҳангсолорӣ ва меҳмонпазирии халқи тоҷик аст

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳия намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва гӯшаи намоиш - фурӯши  маҳсулоти кишоварзӣ  ташкил карда шуд.

Дар чорабнии мазкур ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чодардӯзӣ, давридӯзӣ, қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, атласбофӣ, оҳангарӣ, сабадбофӣ, рассомӣ, дӯғкашӣ, ресандагӣ, шерозбофӣ, тоқидӯзӣ, хӯрокҳои миллӣ дар намоишгоҳ ба намоиш гузошта шуданд.

Ҳамзамон дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Примуҳаммад доир ба моҳияти ташкили чунин чорабинҳо дар маҳал ва  дар ҳамин замина эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, созандагиву ободкорӣ, риояи қонунҳои миллӣ, касбу ҳунаромӯзии ҷавонону наврасон, таъмини амнияти озуқаворӣ суханронӣ намуд.

Зикр карда шуд, ки ташкили чунин чорабиниҳо дар заминаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,омили муҳимест ҷиҳати муаррифии иқтидори фарҳангии маҳаллаҳо, ки метавонад дар симои маҳала ноҳия, вилоят ва дар умум Тоҷикистони азизро муаррифии ҷаҳон созад.

Ҳунармандон ва аҳолӣ бо қаноатмандӣ ва шукургӯзорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштанд, ки барои ҳар яки мо ва ҳунари мо Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ соли таваҷҷуҳи самимии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.  Он ҳунарҳоеро, ки аҷдодони мо то имрӯз ба мо ба меърос гузоштаанд, ҳамчун арзиши олии фарҳангӣ ва таърихӣ пос дошта, ҷиҳати рушд ва муаррифии онҳо аз дидгоҳи нав бо инъикоси арзишҳои тамаддуни қадимии худ саъю талош менамоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg