БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Омӯзгорони фаъол қадрдонӣ карда шуданд

ВОСЕЪ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69 –и ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ Машврати августии омӯзгорони ноҳия бо иштироки раиси ноҳия Ғафурзода Мӯсо Зариф, намоянда аз Раёсати маорифи вилоят, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Шаҳноза Раҷабова, сарварон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия баргузор гардид.

Зимни суҳбат бо ҳозирин Ғафурзода Мӯсо Зариф оид ба сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, насби шиору овезаҳо, ҳушдор намудани омӯзгорон барои ҷиддӣ будан дар таълиму тарбияи хонандагон ва таъмин намудани онҳо бо китобҳои хониш ва сару либосӣ мактабӣ суханронӣ намуда, дастуру супоришҳои судманд дод.

Дар охир омӯзгорон барои фаъолияти шоиста дар таълиму тарбияи насли наврас ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсию ҷамъиятӣ бо Ифтихорномаву Сипосномаҳо раиси ноҳия, мудири маориф ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ қадрдонӣ карда шуданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg