БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нерӯи барқ бояд оқилона истифода шавад!

ВАХШ. Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ҷамоати деҳоти Машъали  ноҳия хониши сиёсӣ атрофи самтҳои афзалятноки фаъолияти ҲХДТ аз ҷумла дар мавзӯъи сафарбар кардани сокинон ба сарфаву сарриштакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ доир карда шуд.

Дар ҷамъомади болозикр муовини раис- мудири шуъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Ҷалилов Исмоил иштирок ва суханронӣ намуд.

Сараввал Ҷалилов Исмоил иштирокчиёни ҷамъомадро бо фарорасии ҷашни 27- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик ва таҳният гуфта,  иброз дошт, ки ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ мебошад. Ин дастоварду комёбии бузург боиси шукургузории ҳар як шаҳрванди кишвар аз фазои суботу осоиштагии комил ва ваҳдати саросарӣ мебошад. Истифодабарандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти нерӯи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеъи технологияҳои каммасраф кӯшиш намоянд. Дар ин сурат мо метавонем дар се соли оянда ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ ноил гардем.      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg