Ҷ.БАЛХӢ. Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва вохӯрию мулоқот дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия, инчунин вусъат бахшидани робита бо маҳал дар маҳаллаи Пахтаарали ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо сокинон баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот бо дастгирии сокинони маҳалла намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои кишоварзон ташкил карда, ба маърази тамошо гузошта шуда буданд.
Дар рафти суҳбат сокинони деҳа тасмим гирифтанд, ки ҳунарҳои мардумиро минбаъд низ ривоҷу равнақ бахшида, онро ба сарчашмаи даромади иловагӣ табдил медиҳанд.