БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ нишонаи фарҳангу асолати миллӣ мебошанд

ЁВОН. Дар воқеъ эълон гардидани соли 2018, ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як зан, модар ва бонуи тоҷику Тоҷикистониро водор намуд, ки зан-модари тоҷик аз азал ҳунарманд буд ва ҳунарманд мемонад ва ин рисолатро ба ояндагон бояд ба меърос монад. Зеро мо фарҳангу асолати ҳазорсола дорем, ки маҳз тавассути фарзандони ҳунарманди хеш эҳё кардаем.

Бо ин мақсад дар деҳаи Тағойободи Ҷамоати деҳоти Обшорон  аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соли равон, дар доираи Аксияи ҳизбӣ ва эълон гардидани Соли тақвияти робита бо маҳал чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Чаноро-1» ташкил ва баргузор гардид. Ташкилоти ибтидоии «Чаноро-1» дар шашмоҳаи якуми соли равон тавассути баргузории вохӯрӣ ва бо интихоби бештари аҳолии деҳаи Меҳристон ташкил гардида буд.

Занону бонувони ҳунарманду чирадасти деҳаи мазкур аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё намудани ҳунарҳои  қадима хушнуду сарфароз буда, бо як ҳавасмандӣ ҳунарҳои хешро тақвият дода истодаанд. Ҳамчунин дар чорабинӣ занону бонувон ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, аз ҷониби намояндагон ба хушнудӣ пазируфта шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg