А.ҶОМӢ. Мутобиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои нимсолаи дуюми соли 2018 бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилоти ибтидоии «Зарнисор» хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Зимни баргузории он, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Сунатулло Ашӯров оид ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, огоҳонидани мардум аз хатару паёмадҳои ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинон бо мақсади тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа суханронӣ намуд.