БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таблиғи ташаккули тарзи ҳаёти солим бо мақсади таъмини ҳифзи сиҳатии мардум

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун чорабинии таблиғотӣ дар ташкилоти ибтидоии «Кумитаи варзиш» дар мавзeъи «Таблиғи ташаккули тарзи ҳаёти солим бо мақсади таъмини ҳифзи сиҳатии мардум» бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ализода Фарзона ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумиати иҷроия Ғафорова Насимахон баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ Алиева Фарзона оид ба масъалаи ба миёнгузошташуда муфассал суханронӣ намуда,  аз ҷумла қайд кард, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дилхоҳ ташаббусҳои муфид ва самаранокро, ки ба хотири ҳифзи сиҳатии омма равона карда шудааст, дастгирӣ менамояд. Гузашта аз ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҳифзи саломатии омма як қатор санадҳои дахлдорро таҳия ва ба тасвиб расонидааст.

Ғафорова Насимахон дар хотима ба масъулини дахлдори ташкилоти болозикр маслиҳату пешниҳодҳои судманд дода, таъкид кард, ки вобаста ба масъалаи мазкур пайваста миёни ҷавонон равшанӣ андохта, вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва дигар падидаҳои номатлуби ҷомеа тавассути чорабиниҳои таблиғотӣ ҷавононро огоҳ созанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg