БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Даъвати ҳизбиён барои амалигардонии Аксия ва озмунҳои ҳизбӣ дар байни сокинон

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат дар Департаменти почтаи тоҷик ва ҶСК «Тоҷиктелеком» дар ноҳияи Хуросон хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Азизова Сабоҳат дар баробари ташвиқи самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

Инчунин, дар ин раванд оид ба ҳадафҳои роҳандозии озмунҳои ҳизбӣ, Аксияҳои тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвонҳои «Якҷоя ҳал мекунем!» ва «Мактаб даргоҳи маърифат»  ҳарф зада, иштирокдоронро барои амалигардонии озмунҳо ва аксияҳои номбурда даъват намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg