БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон ба варзиш бештар ҷалб мегарданд

ПАНҶ. Тибқи дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб ва нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии «Варзишгоҳ» хониши  сиёсӣ баргузор гардид.

Дар меҳвари сӯҳбат масъулон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб ва сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  суханронӣ намуданд.

Яке аз самтҳое, ки дар хониши сиёсӣ мавриди инъикос қарор гирифт, ин фаъол гардонидани ҷавонон дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона бо мақсади ҳифзи ҳуввияти асолати миллӣ ва дар ин росто ба варзиш фаро гирифтани онҳо мебошад.

Бояд қайд намоем, ки  имрӯзҳо яке аз масъалаҳое, ки чомеаро ба ташвиш овардааст, ин майл ба фарҳанги бегона доштани баъзе аз ҷавонон мебошад. Пешгирӣ ва фаҳмондани моҳияти ин масъала ба ҷавонон вазифаи муқаддаси ҳар як аъзои фаъоли ҳизб ва ҷомеа мебошад. Ҷавонон, ки нерӯи ояндасози кишвар мебошанд, бояд дар корҳои созандагиву ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссагузор бошанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд ва дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд. Дар ин раванд лозим ба ёдоварист, ки ба ҷавонон оид ба оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди  бемайлони ин соҳа дар мамлакат  таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем.

Варзиш  қосиди сулҳ буда,  воситаи  беҳтарини муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.Маҷмааи варзишии  ноҳия, ки соли 2017 барои 6 ҳазор ҷойи нишаст  сохта ба истифода дода шуд, ғамхории беназири  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Раиси муаззами ҳизб, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонони ноҳия мебошад, иброз дошт  раиси ташкилоти ибтидоии “Варзишгоҳ” Латипов Алиҷон, аз ин лиҳоз  ҷавонони ноҳия ҷавобан ба ин ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат  барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани азизамон саҳмгузор шуда, парчамбардорони Тоҷикистон мешаванд.

 

                                                                

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg