БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқлолият бузургтарин дастовард барои миллати тоҷик аст

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат дар ташкилоти ибтидоии «С.Шерназаров» хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва дастовардҳои бузурги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Азизова Сабоҳат дар баробари тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва дастовардҳои бузурги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар тӯли 27 сол бо заҳмату талошҳои  шабонарӯзии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  мардуми меҳнатдӯстӣ тоҷик ба даст омадааст,  ибрози андеша намуда, ҳамагонро барои  расидан ба қадру манзалати соҳибистиқлолӣ, ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ намуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg