ХОВАЛИНГ. Дар хониши сиёсие, ки бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Идораи об” гузаронида шуд, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб бештар оид самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мубоҳиса намуданд, ки имрӯз боиси ташвишу изтироби ҳамагон гардидааст.
Баъди ба таври муфассал аз тарафи мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроия Ш. Набиев фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла терроризм ва экстремизм, мақсаду маром ва паёмадҳои хатаровари ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии фаъолияташон дар ҷумҳурӣ мамнӯъ, истифодаи дуруст ва мақсаднок аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Хайрулло Мирзоев, Абдусамад Ҷамилов, Фирдавс Мирзоев, СаъбагулҲасанова андешаронӣ карда, ҳамагуна амалҳои террористӣ ва экстремистии бар зидди инсон ва инсоният ва харобкорӣ нигаронидашударо маҳкум намуданд.
Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Х. Мирзоев дар баромадаш гаравидани ҷавононро ба ҳизбу ҳарактҳои иртиҷоӣ дар бемасъулиятии падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, тарбияи нодурусти ҷавонон, аз таълиму тарбия дур мондани онҳо, ноогоҳии ҷавонон аз мақсадҳои нопоку инсонбадбинонаи саркардагони ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро дониста, аҳли нишастро ба он даъват намуд, ки тарбияи насли наврасро аз ибтидо аз мадди назар дур намонанд.