БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бонкҳо дар рушди иқтисодии кишвар саҳм мегузоранд

ФАРХОР. Дар асоси ҷадвали тасдиқгардида дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бонки содиротӣ» хонишӣ сиёсӣ доир гардид.

Дар ин хониши сиёсӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар назди ҳозирин баромад намуда, вобаста ба мавзӯъҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбат оростанд.

Нахуст, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Шаҳбози Искандар оид ба нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки маҳз ба самти фаъолияти бонкдорӣ вобаста буд, ибрози ақида намуд.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин, масъулин оид ба хатарҳои терроризму экстремизм, роҳҳои пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ ва хештаншиносию ватандӯстӣ ибрози андеша карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg